Ифтитоҳи бинои чорошёнаи истиқоматӣ дар маркази ноҳияи Дарвоз
Душанбе, 8 октябр (АМИТ «Ховар»).- Дар маркази ноҳияи Дарвоз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои зебои чорошёна мавриди истифода қарор гирифт.Тавре аён гардид, дар ошёнаи якуми бино маркази савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир шудааст, ки дар он 8 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.Се ошёнаи дигари бино дорои 28 хонаи истиқоматии аз як то сеҳуҷрагӣ мебошанд, ки барои фурӯш бунёд ёфтаанд. Тавре иттилоъ доданд, нархи як метри мураббаъи ин хонаҳо 550 доллари амрикоӣ аст. 8 хона ба 8 оилае, ки ин бино дар ҷойи хонаҳои онҳо бунёд ёфтааст, дода шуд. Калиди хонаҳо ба онҳо аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид. Аҳли ин хонаводаҳо аз хонаҳои нави худ басо хушҳоланд, зеро ба гуфти худи онҳо, ин хонаҳо аз манзилҳои пешинаи аз сангу лой бунёдёфтаашон хеле беҳ аст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






