Ифтитоҳи бинои кории мақомоти вилоятии чор идораи ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ
Душанбе, 10 октябр (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои боҳашамати чорошёна ифтитоҳ ёфт, ки дар он утоқҳои кории мақомоти вилоятии чор идораю муассисаи ҷумҳуриявӣ ҷойгир шудаанд. Ин муассисаҳо Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷират, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Хадамоти давлатии ташхиси тиббии иҷтимоӣ мебошанд.
Дар таҳхона ва ошёнаи чоруми ин бино, ҳамчунин маркази таълимии калонсолон ҷойгир шудааст, ки дорои шароити хуб барои омӯзиши касбу ҳунари гуногун мебошад.
Дар ин марказ бештар мутахассисони коргарии соҳаи сохтмон ва ҳунармандони мардумӣ омода карда мешаванд. Дар ин ҷо шароити зарурӣ барои омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ, тоқидӯзӣ, заргарӣ, ороиши рӯю мӯй барои мардону занон ва ғайра муҳайё гардидааст.
Тавре зикр гардид, танҳо дар 2 соли охир дар ин марказ 6 ҳазор нафар калонсолон соҳиби касбу ҳунар шуда, ҳоло аз нисф зиёди онҳо дар сохтмонҳои сершумори шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят бо кор таъмин гардидаанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки кунун бо муҳайё шудани шароити муосири кору таълим саҳми ин марказ дар омодасозии мутахассисони бомаҳорати коргарӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Ин бинои дорои 32 утоқи корӣ бо харҷи зиёда аз 4,2 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






