Ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара
Душанбе, 12 октябр (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард. Дар оғози сафар Сарвари давлат ба ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ташриф оварда, як зумра иншооти нави иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодиро ифтитоҳ намуд.
Нахуст бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Лангари ин ҷамоат, ки беш аз 7 ҳазор аҳолӣ дорад, мактаби нави сеошёна барои 720 хонанда дар 2 баст мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре зикр гардид, деҳаи Лангар яке аз маҳаллаҳои калонтарини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ буда, аз замони шӯравӣ то имрӯз дар он мактаб вуҷуд надоштааст. То имрӯз наздики 1800 нафар хонандагон 3-4 километр масофаро тай карда, барои таҳсил ба мактаби деҳаи Сари бозор мерафтанд.
Ин мактаб бо харҷи 2 миллиону 650 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, дорои 12 синфхона, аз ҷумла синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ ва компютерӣ мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти шумораи зиёди аҳолӣ дар ин деҳа ба масъулини соҳа дастур дод, ки соли оянда сохтмони як бинои иловагии таълимӣ ва толори варзиширо дар ҳудуди ин мактаб оғоз намоянд, то ки наздики 1,5 ҳазор хонанда дар 2 баст фаро гирифта шавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






