Ифтитоҳи толори варзишӣ дар маркази ноҳияи Ванҷ
Душанбе, 8 октябр (АМИТ «Ховар»).- Дар маркази ноҳияи Ванҷ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як толори варзишии дорои 300 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои намудҳои гуногуни варзиш бо тамоми шароити муосир бунёд ёфтааст. Тавре иттилоъ доданд, ин толор дар муддати 3 моҳ бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ сохта шудааст.Бо хушнудӣ зикр гардид, ки пас аз мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ҷумҳурӣ, ки моҳи декабри соли 2010 баргузор гардида буд, дар Тоҷикистон то имрӯз 2,5 ҳазор иншооти варзишӣ бунёд ёфтааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ноҳияи Ванҷ, ки дар риштаҳои гуногуни варзиш, хусусан дар намудҳои гуногуни гӯштин дар дохил ва хориҷи кишвар дастовардҳои намоён доранд, суҳбат намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав ва кулли ҷавонону наврасонро ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






