Ифтитоҳи як зумра корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 28 октябр (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон се корхонаи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи корвонгузари шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, бинои дуошёнаи корхонаи дӯзандагиро мариди истифода қарор дод.Тавре иттилоъ доданд, ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бобохон Қурбонов бунёд ёфта, дар он беш аз 50 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб шудаанд.Чунонки аён гардид, дар корхона ошхона ва дигар шароити муосири маишӣ низ сохта муҳайё гардидааст. Ҳамчунин зикр гардид, ки соҳибкор Бобохон Қурбонов ҳамроҳи бародаронаш пеш аз ин ҳам чанд иншоот бунёд намудааст ва оянда низ дар ободонии шаҳри Кӯлоби бостонӣ азми устувори иштирок кардан дорад.Дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи муосири орд ба кор дароварда шуд, ки бо харҷи беш аз 6 миллион сомонӣ бо ҷалби технологияи навтарин аз Ҷумҳурии Туркия бунёд ёфтааст.Дар ин корхона ҳар шабонарӯз 90 тонна орди хушсифати бозоргир истеҳсол мешавад. Ҳоло дар ин ҷо наздики 100 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд ва оянда шумораи ҷойҳои корӣ боз ҳам афзун мешавад, зеро дар ин ҷо коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва дигар коргоҳҳо низ бунёд хоҳанд ёфт.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Далери шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, як корхонаи коркард ва бастубанди меваи хушкро расман ба кор даровард.Тавре зикр гардид, ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳотам Саидов дар ҳамкорӣ бо шариконаш аз ширкати Исфара Фуди шаҳри Исфараи вилояти Суғд бунёд ёфта, алҳол нахустин чунин корхона дар шаҳри Кӯлоб мебошад.Бо иқтидори кунунияш дар ин корхона имкони коркарди 3 ҳазор тонна меваи хушк дар як сол мавҷуд аст. Бо технологияи муосире, ки дар ин ҷо насб гардидааст, меваи хушк тоза, шуста ва хушк карда шуда, дар бастаҳои зебои бозоргир бастубанд мешавад.Ҳоло дар ин ҷо 35 нафар бо кор таъмин гардидаанд ва оянда бо зиёд шудани иқтидори корхона шумораи коргарон ба наздики 100 нафар расонда хоҳад шуд.Як қисми коргарони ин корхона занони маъюб мебошанд, ки бо нияти дастгирӣ аз сиёсати башардӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхории доимии ӯ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба кор ҷалб шудаанд.Бегоҳии рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин оромгоҳи олиму мутафаккири бузурги Шарқ Мир сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо ҳайати ҳамроҳи худ ба руҳи поки ин бузургмард ва ба хотири таъмини ободию шукуфоии бештари Тоҷикистони азиз дуою фотиҳа карданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






