Имзои Меморандуми сеҷониба

Октябрь 24, 2013 14:55

Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — 24 октябри соли 2013 байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Тоҷик Эйр» ва миссияи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Меморандум оид ба ҳамкории сеҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расид  Ба ҳуҷҷати мазкур сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Фаррух Ҳамроев ва роҳбари миссияи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Тайма Курт имзо гузоштанд. Мақсад аз имзои меморандум ҳамаҷониба расонидани иттилоъ ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузориҳо, дар бораи муҳоҷирати кишварҳои кордиҳанда ва дар якҷоягӣ гузаронидани семинару вохўриҳо бо иштироки вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, беҳтар гардонидани ҳамкориҳо дар самти мазкур, расонидани хизматрасониҳои ҳуқуқиву машваратӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.

Октябрь 24, 2013 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш