Интихобот: 6 номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён оид ба натиҷаҳои бақайдгирии номзадҳо ба мансаби ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои минбаъдаи фаъолияти КМИР доир гардид.
Ш. Шоҳиён дар ин нишаст зикр намуд, ки 11 октябри соли равон муҳлати бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба охир расид.
Баъди маъракаи ҷамъоварии имзоҳои шаҳрвандон ба тарафдории номаздҳо ба мансаби Президенти ҶТ 6 нафар номзад бо қарорҳои дахлдори КМИР рӯзҳои 9 ва 10 октябр ба қайд гирифта шуданд. Аз ҷумла, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 9 октябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон, Бухориев Толибек Аҳмадович ва Бобоев Олимҷон ҳамчун номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд. Инчунин, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 10 октябри соли 2013 Ғаффоров Абдуҳалим, Исмонов Саидҷаъфар ва Талбаков Исмоил ҳамчун номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки 7 октябри соли 2013 бинобар муроҷиати расмии 3 ҳизби сиёсӣ — Ҳизби Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон КМИР бо қарори худ муҳлати ҷамъоварии имзои шаҳравандонро ба тарафдории номзадҳои пешбаришаванда то соати 18:00 рӯзи 10-уми октябри соли 2013 тамдид карда буд.
Ин иқдоми КМИР танҳо ба таъмини интихоботи демократию озод ва баргузор намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ бо иштироки васеи номзадҳои пешбаригардида ва бо мақсади таъмини интихоботи алтернативӣ равона шуда буд.
Бо вуҷуди ин, як нафар номзади пешбаришуда, яъне Бобоназарова Ойиниҳол — номзад аз Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон дар муҳлати муқарраргардида меъёри зарурии имзоҳои шаҳрвандонро ҷамъоварӣ карда натавонист ва ба қайд гирифта нашуд.
Ба 6 нафар номзадҳи бақайдгирифташуда шаҳодатномаҳои дахлдор супорида шуда, шахсони боэътимоди номзадҳо низ ба қайд гирифта шуданд.
Дар мавриди нақшаҳои минбаъдаи КМИР Ш. Шоҳиён гуфт, ки КМИР ҳануз 31 августи соли 2013 Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосиро доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда буд, ки дар он аз ҷумла корҳои асосии КМИР дар давраи тайёрӣ ба интихобот мушаххасан муайян гардиданд.
«Ҳоло мехоҳам оид ба муҳимтарини корҳои дарпешистода ба шумо мухтасаран маълумот диҳам. Рӯзи душанбе, яъне 14-уми октябр мо дар ҷаласаи КМИР нақшаи баргузории вохӯриҳои якҷояи номзадҳоро бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баррасӣ, тасдиқ ва сипас ба номзадҳо дастрас мекунем», — тазаккур дод Ш. Шоҳиён.
Вай афзуд: «Муҳимтарин вазифаи комиссияҳои участкавии интихобот дар марҳилаи ҳозира тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон аст. Ин рӯйхат бояд то 22 октябр тартиб дода, дақиқ карда, барои шиносоии интихобкунандагон дар бинои участкаҳои интихоботӣ овехта шавад.
То 20 октябр КМИР комиссияҳои участкавиро бо варақаҳои интихоботӣ ва шаҳодатнома барои ҳуқуқи овоздиҳӣ таъмин менамояд».
Интизор меравад, ки барои назорати омодагӣ ва баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ нозирон аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин намояндагони сершумори воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ба Тоҷикистон меоянд. Хеле муҳим аст, ки ВАО-и ватании мо ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботро воқеъбинона ва ҳаққонӣ инъикос намоянд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






