КМИР: Қарори анҷумани ҲСДТ ғайриқонунӣ мебошад
Душанбе, 14 октябр (АМИТ «Ховар»).- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми асосии ваколатдори ташкил ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори анҷумани XIII-уми ғайринавбатии Ҳизби Сотсиал –Демократи Тоҷикистонро «Дар бораи мавқеи ҲСДТ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 12-уми октябри соли 2013 мавриди омўзиш қарор дода, бо асосҳои зерин онро ғайриқонунӣ, бепоя ва бемантиқ мешуморад. Нахуст ин ки баррасии масъалаи интихоботи Президенти ҶТ дар анҷумани ҲСДТ ғайриқонунӣ сурат гирифтааст. Чунки чорабиниҳои мушаххасе, ки дар муҳлатҳои муайяннамудаи қонун бояд бо иштироки ҳизбҳои сиёсӣ баргузор мегардиданд, ба анҷом расидааст. Дар мавриди пешбарии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории онҳо ҲСДТ мавқеи бетарафиро ихтиёр намуда, дар ин марҳила умуман ширкат наварзид. Бо зоҳир намудани бетарафӣ ҳизби мазкур аз раванди интихобот ба пуррагӣ дар канор монд. Моҳиятан, мавқеъгирии ҳизб дар робита ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи интихобот шубҳаҳои зиёдро ба миён меорад. КМИР танҳо ба он хотир, ки мақоми ваколатдори ташкил ва баргузории интихобот ба ҳисоб меравад ва тибқи қонунгузории амалкунанда ўҳдадории нишон додани вокуниш ба ҳар навъи матолиби муқобилаш нигаронидашударо дорад, зарур медонад, ки мавқеи расмии худро дар мавриди ин қарори ғайриқонунӣ муайян намояд. Дар банди якуми қарори ҲСДТ бо ишора ба чандин нуктаҳои барғалат, беасос, бедалел ва бараъло таҳрифшуда интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 хилофи манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои демократӣ шуморида шудааст. Дар ин банди қарор қонунгузории интихоботи Президенти ҶТ номукаммал ва ноодилона ифода шудааст. Дар ҳоле, ки КМИР Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ»-ро пайваста мавриди татбиқ қарор дода, мунтазам бо стандартҳои байналмилалӣ таҳлили муқоисавӣ ба анҷом мерасонад, дар он меъёреро пайдо накардааст, ки ченаки адолатро сарфи назар намуда, аз номукаммалии қонун дарак диҳад. Баръакс, қонуни мазкур бо вуҷуди дар марҳилаи бениҳоят ҳассоси сиёсӣ қабул шуданаш, хеле мукаммал ва фарогир буда, расмиёт ва арзишҳои муҳими ҳуқуқи интихоботиро дар бар гирифтааст. Дар қарор ишораи дигар ба нобаробарии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо, ба хусус, тақаллуби муташаккил дар ҷамъоварии имзоҳо барои дастгирии номзадҳо ба мақоми президентӣ меравад, ки ба воқеият комилан мувофиқ нест. КМИР аз оғози маъракаи интихоботи Президенти ҶТ ҷиҳати таъмини шароит ва имкониятҳои баробар ба ҳамаи иштирокчиёни раванди интихобот, махсусан ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба мансаби Президенти ҶТ аз ҳамаи василаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ба таври васеъ истифода намуда, баъзан дар ин роҳ ҳатто манфиатҳои қонунии худро маҳдуд намудааст. Махсусан мавриде, ки мўҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти ҶТ тибқи қарори КМИР аз ҳисоби мўҳлати ба комиссия ҷиҳати санҷиши эътимоднокии имзоҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар вогузоршуда, тамдид ёфта буд. Изҳорот дар хусуси ҷой доштани тақаллуби муташаккил дар марҳилаи ҷамъоварии имзоҳо, бидуни овардани далелҳои мушаххас аз ҲСДТ эҳтиёт ва масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. Ба КМИР дар хусуси содиршавии тақаллубкорӣ зимни ҷамъоварии имзоҳо ягон арзу шикояти расмӣ ворид нашудааст. Ҳангоми санҷиши эътимоднокии имзоҳои ҷамъовардашуда ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби Президенти ҶТ низ ба истиснои чанд мавриде, ки аз ҳисоби саҳлангории гурўҳҳои ташабускор сурат гирифтааст, ягон марвиди тақаллуб ошкор нагардид. Мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ низ дар ин маврид ягон ҳолати тақлалубкориро ошкор накардаанд. Бинбар ин изҳороти дар ин банди қарори ҲСДТ ироашуда, бепоя ва иғвоангез шуморида мешавад. Ишора ба маҳрум будани якуним миллион муҳоҷири корӣ аз ҷамъоварии имзоҳо, раддияро дар чанд қисмат тақозо дорад. Нахуст ин, ки миқдори муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин ҳад намерасад. Тибқи маълумотҳои расмии оморӣ миқдори умумии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ҳудуди 700 ҳазор нафарро ташкил менамояд, ки то расидани фасли сармо бо сабаби баргашт ба ватан шумораи онҳо мунтазам кам мешавад. Сониян, КМИР аз оғози раванди интихоботи Президенти ҶТ кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба иҷрои Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ» назорат карда татбиқи якхелаи онро таъмин намояд. Азбаски, қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, ки бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, бояд аз ҷониби раисони ноҳияҳо ва шаҳрҳо тасдиқ карда шаванд, бинобар ин иҷрои талаботи зерин дар хориҷи кишвар имконнопазир буд. Вогузор намудани ин салоҳият ба зиммаи мақоми дигар берун аз талаботи қонунгузории амалкунанда мебошад ва КМИР ҳаргиз ба ин иқдом даст нахоҳад зад.Дар банди дуюми қарори ҲСДТ аз ҷониби КМИР ба қайд гирифта шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси номзад ба мансаби Президенти ҶТ бо ваҷҳи он, ки мавсуф тибқи Конститутсияи ҶТ ҳуқуқи пешбарӣ шуданро ба ин мақом надорад, зиддиконститутсионӣ ва натиҷаи интихобот бо ширкати вай ғайриқонунӣ шуморида шудааст. КМИР муқаррароти моддаи 65 Конститутсияи ҶТ-ро дар мавриди оне, ки «Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ў аз 35 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад» ба эътибор гирифта, тибқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ» ба ҳайси номзад ба мансаби Президенти ҶТ пешбарӣ шудани Эмомалӣ Раҳмонро аз ҳисоби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ҲХДТ комилан қонунӣ ҳисобида, бо риояи талаботи моддаи 25 қонуни мазкур номзадии ўро дуруст ва мутобиқ ба талаботи қонун ба қайд гирифтааст. Дар бандҳои сеюм ва чоруми қарори ҲСДТ чунин баён мешавад, ки ҲСДТ ҷонибдори Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) буда бар он назар мебошад, ки ҷамъоварӣ шудани имзоҳо танҳо аз ҷониби ситодҳо ва гуруҳҳои ташаббускори номзади ягона аз ИНИТ ба мақоми президентӣ О. Бобоназарова тибқи қонунҳои интихобот сурат гирифтааст ва О. Бобоназарова ҳуқуқи бештари қайдгирӣ ва идомаи иштирок дар интихоботро дорад. Биноан, ҲСДТ аз КМИР талаб намудааст, ки комиссияи ҷамъиятии босалоҳият ба тақаллуби муташаккил дар ҷамъоварии имзоҳо барои дастгирии номзадҳо ба мақоми президентӣ баҳои воқеӣ дода, номзади ягонаро, ки ҲНИТ пешбарӣ ва ҲСДТ ва дигар аъзои ИНИТ дастгирӣ кардааст, ба қайд гирад. Дар вобастагӣ ба ин масъала, КМИР мавқеи қаблии худро тақвият дода, бори дигар иброз медорад, ки ИНИТ бинобар набудани субъекти пешбарикунандаи номзад ба мансаби Президенти ҶТ аз ҷониби КМИР ба расмият шинохта намешавад. ИНИТ шакли муайяни ташкилӣ-ҳуқуқӣ надошта, ба қавли номзади пешбаришуда аз ҲНИТ як навъ «мувофиқаи дўстона»-и бидуни қонун ва оиннома аст. Пас аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳар гуна санади аз ҷониби он қабулшуда, аз ҷумла консепсияҳои мухталифи пешазинтихоботии он эътибори қонунӣ надорад. Субъектоне, ки ҳуқуқи пешбарӣ намудани номзадро ба мансаби Президенти ҶТ доранд, дар моддаи 24 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ» дақиқ муқаррар шудааст ва дар шакли иттиҳод пешбарӣ намудани номзад хилофи муқаррароти қонуни мазкур мебошад. Мувофиқан, андешаи намояндагони ҲСДТ дар он хусус, ки «номзади ягонаро, ки ҲНИТ пешбарӣ ва ҲСДТ ва дигар аъзои ИНИТ дастгирӣ кардааст», пояи ҳуқуқӣ надорад. ҲСДТ набояд пешбарӣ шудани О.Бобоназароваро ҳамчун номзад аз ҳисоби худ маррифӣ намояд. Бобоназарова О. бо қарори анҷумани ҲНИТ аз 17.09.2013 ҳамчун номзад ба мансаби Президенти ҶТ расман пешбарӣ шуда, нусхаи қарори мазкур ба КМИР 18.09.2013 пешниҳод шуда буд. Аз ин лиҳоз, КМИР номзади пешбаришударо аз ҳисоби танҳо ҲНИТ эътироф менамуд. Талаби ҲСДТ дар хусуси оне, ки О.Бобоназарова ба ҳайси номзад ба мансаби Президенти ҶТ ба қайд гирифта шавад, зиддиконститутсионӣ ва бархилофи Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Зеро тибқи Конститутсияи ҶТ шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоиз аз шумораи умумии интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ў имзо гузошта бошанд. Мувофиқи қарори КМИР аз 31 августи 2013 барои бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти ҶТ ҷамъ овардани имзои на кам аз 210 ҳазор интихобкунанда муқаррар шуда буд. Махсусан қайд намудан лозим аст, ки аз ҷониби гуруҳи ташаббускори номзад ба мансаби Президенти ҶТ аз ҲНИТ О.Бобоназарова ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирӣ ба КМИР пешниҳод нашудааст. Масъалаи иҷрои дархости панҷуми ҲСДТ, ки дар қарори анҷумани он дарҷ гардидааст, дар мавриди хулосаи асоснок ва тафсири воқеии қисми 4 моддаи 65 Конститутсия ҶТ ваколати Суди конститутсионии ҶТ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар мавриди тасмими ҲСДТ оид ба таҳрими интихоботи Президенти ҶТ КМИР таъкид менамояд, ки эълони «бойкот»-ро дар шароите, ки тамоми ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсӣ кафолат дода шуда, заминаҳои мусоид барои пешбарии номзадҳо ба мансаби Президенти ҶТ фароҳам оварда шудаанд, ҷиҳати баргузории интихоботи шаффоф, озод ва мутобиқ ба арзишҳои демократӣ, ҳамчунин таъмини имкониятҳои баробар ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, тамоми воситаҳои ҳуқуқӣ сафарбар шудаанд, ба ҷуз аз сафедкунии нотавонмандии хеш ва ҳангомасозӣ дигар навъ арзёбӣ намудан номумкин аст. Нисбат ба эълони бойкот мавқеи санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба интихобот низ манфӣ мебошад. Аз ҷумла, дар банди 8-уми моддаи 9 Конвенсияи ИДМ «Дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ дар давлатҳои иштирокчии ИДМ» пешбинӣ шудааст, ки «ашхос ва мақомоте, ки фаъолияти онҳо барои монеъшавии амалисозии озодонаи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон равона шудааст, аз ҷумла дар шакли бойкот ё даъвати бойкоти интихобот сурат гирифтааст, бояд мавриди таъқиби қонун қарор гиранд». Дар ин маврид, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ низ мавқеи худро қотеона муайян намуда, аз ҷумла дар моддаи 5-и Қарори худ «Дар бораи истифодабарии стандартҳои байналмилалии интихоботӣ дар амалияи қонунгузории давлатҳои аъзои ИДМ ва Аврупо» муқаррароти мазкурро таҳким бахшидааст.Маркази матбуотии КМИР 14.10.2013








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






