КМИР тартиби интиқоли протоколҳоро муайян кард
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 1-уми октябри соли 2013 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласаи КМИР баргузор гардид, ки дар он 2 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар бораи муқаррар намудани тартиби ба комиссияҳои болоӣ фиристодани протоколи комиссияи участкавии интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ва протоколи комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ; дар бораи тартиби нигаҳдории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон. Оид ба масъалаи якуми рӯзнома мувофиқи моддаҳои 12, 32 ва 33 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон КМИР дар бораи тартиби ба комиссияҳои болоӣ фиристодани протоколи комиссияи участкавии интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ва протоколи комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон КМИР қарор қабул кард. Мувофиқи қарори КМИР баъд аз ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи натиҷаи овоздиҳиро дар участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муқарраршуда пур мекунад. Ба протокол фикру мулоҳизаҳои махсуси аъзои комиссия, агар онҳо ҷой дошта бошанд, замима карда мешаванд. Протоколи пуркардашуда ба комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран аз тарафи раис ва ду нафар аъзои комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда мешавад. Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоқикситон, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон воқеъ аст, бояд протоколро оид ба натиҷаи овоздиҳӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳол тавассути факс ё суроғаи почтаи электронии tajikistan.elections@gmail.com фиристода, нусхаи аслиро ба КМИР дастрас намояд. Комиссияи ҳавзавӣ баъд аз ҷамъбасти натиҷаи интихобот протоколи натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳавзаи дахлдор пур карда, фавран тавассути факс ё суроғаи почтаи электронии tajikistan.elections@gmail.com ирсол намуда, аз тарафи раис ва ё муовини раис, котиб ё як нафар аъзо ба КМИРдар муддати на дертар аз як шабонарӯз дастрас менамояд. Иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи раис, муовини раис ва котиби комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад Оид ба масъалаи дуюм мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қарори КМИР тартиби нигаҳдории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тасдиқ карда шуд. Ҳамчунин номгӯи санадҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи комиссияҳои интихоботӣ қабул мегарданд, тартиб ва муҳлати нигоҳдорӣ ва ба Бойгонии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурдани онҳо муқаррар карда шуд. Дар ҷаласа доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






