Комиссияи давлатӣ дар маҳалли садамаи қатора

Октябрь 11, 2013 11:02

Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). – Бар  асари садамаи қатораи хати  сайри  Душанбе —  Конибодом,  ки  10  октябр  рух  дод,  12  нафар ҷароҳати  сабуку  миёна  бардоштанд. 
 
Тавре  ки сардори  Муассисаи  мусофирбари Корхонаи  воҳиди давлатии «Роҳи  оҳани  Тоҷикистон»  Маҳмадюсуф  Абдураҳмонов ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, қаторае, ки  аз  шаҳри  Душанбе  ба тарафи   шимоли  кишвар  ҳаракат  мекард,  соати 9 ва  40  дақиқа дар  ноҳияи  Ғаллаороли  вилояти  Ҷиззахи Ӯзбекистон  дучори  садама  гардид.  Дар  қатора  283  мусофир  ва гуруҳи  хидматрасон иборат  23  нафар  ҳаракат  мекарданд.  Бо сабабҳои  номаълум  6  вагон  чаппа  шуда,  дар  натиҷаи  ин  12  нафар  осеб  диданд. 
 
Назар  ба   гуфтаи  манбаъ, кормандони  роҳи оҳани  Ӯзбекистон,  Вазорати  ҳолатҳои  фавқулодда  ва ёрии  таъҷилӣ  ба  осебдидагон ёрии  зарурӣ  расониданд. Худи  ҳамон  рӯз,  соати  17 ва  20  дақиқа  маъмурияти  роҳи оҳани  Ӯзбекистон  қатораи  худро  барои  ба  маҳалли  тайинот  бурдани  мусофирон  дар  ихтиёри онҳо  гузошта  ва  соати  22  ҳамаи  мусофирон ба   шаҳри  Конибодом  оварда шуданд.
 
Бино ба  хабари  манбаъ,  сабабҳои  дучори  садама  гардидани  қатора  ҳанӯз  номаълуманд.  Алҳол  дар  маҳалли  садама  барои  муайян  намудани  ҳамаи  ҳолатҳои  ҳодиса Комиссияи  давлатӣ  дар  ҳайати  намояндагони  ҷонибҳои Ӯзбекистону  Тоҷикистон  кор  мекунад. Ба  ҳайати  комиссия  аз  Тоҷикистон  муовини  аввали  Муассисаи  мусофирбари Корхонаи  воҳиди  давлатии «Роҳи  оҳани  Тоҷикистон»  Икром  Қурбонов  ва  муҳандиси   муассисаи  мазкур  Тағой Қурбонов  шомиланд.

Октябрь 11, 2013 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш