Конфронси адабӣ дар Турсунзода

Октябрь 23, 2013 15:23

Турсунзода, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Бахшида ба зодрӯзи шоир, олим ва мутафаккири бузурги шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13-и шаҳри Турсунзода конфронси илмию адабӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад шоирон Халифабобо Ҷумъазода, Абдуқаҳҳори Қосим, рӯзноманигорони варзида Ҷумъаи Мирзо, Махфират Солиева, Гулсара Зиёдуллоева сухан гуфтанд. Хонандагони мактаб аз ҳаёт ва эҷодиёти шахсияти маъруфи олами ирфон — Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шеърҳо қироат карданд.

Октябрь 23, 2013 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш