Конвенсияи СММ оид ба рафъи табъиз нисбат ба занон

Октябрь 8, 2013 13:38

Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Рўзҳои 8-9 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷаласаи 56-уми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон баргузор мегардад. Дар он маърӯзаи миллии даври чорум ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи табъиз нисбат ба занон» баррасӣ хоҳад гашт. Ҷиҳати ҳимояи маърўзаи мазкур ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Тағоева ва намояндагони Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои маориф, адлия, тандурустӣ, корҳои дохилӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ба шаҳри Швейтсария сафар намуданд. Дар ҷаласаи мазкур иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи занон, камбудиҳои ин самт ва роҳҳои ҳалли он баррасӣ хоҳанд гашт.

Октябрь 8, 2013 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш