Корхонаи сементбарории Душанбе аз нав ба кор даромад
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе пас аз таваққуфи даҳмоҳа дубора ба кор дароварда шуд.Хотиррасон бояд намуд, ки ин корхонаи дар гузашта бузургтарини сементбарории Тоҷикистон бар асари норасоии гази табиӣ аз кор боз монда буд.Ҳоло дар ин корхона бо васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти нави технологӣ ба ҷойи гази табиӣ ба ҳайси сӯзишворӣ аз ангишт истифода карда мешавад. Хушбахтона захираи ангишт ва ашёи хоми барои истеҳсоли семент зарурӣ дар Тоҷикистон хеле фаровон буда, барои садсолаҳо басандагӣ мекунад.Ҳоло навбати якуми ин корхона бо технологияи нав мавриди истифода қарор гирифт, ки иқтидори солонаи он 180 ҳазор тонна сементи баландсифат мебошад. Ин кор бо харҷи қариб 13,5 миллион доллари амрикоӣ анҷом дода шуда, аз 1140 нафар коргарони пешин 883 кас аз нав ба кор ҷалб карда шудааст. Бо вуҷуди истифода аз ангишт, ин технологияи нав камасрафу бепартов буда, ба муҳити зист ҳеҷ гуна зарар намерасонад. Дар истеҳсоли 510 тонна семент, ки иқтидори шабонарӯзии корхона аст, ҳамагӣ 350-400 кг ангишт сарф мешавад.Тавре иттилоъ дода шуд, навбати дуюми корхонаи сементи шаҳри Душанбе пас аз ду моҳи дигар ба кор даромада, иқтидори солонаи истеҳсолии он ба 360 ҳазор тонна маҳсулот расонда шуда, шумораи коргарон боз ҳам афзун хоҳад шуд.Сементи дар ин корхона истеҳсолшаванда дорои сифати баланд буда, аз ҷумла аз таъсири манфии сулфат ва дигар элементу моддаҳои кимиёӣ эмин мемонад. Аз ин хотир дар бунёди иншооти азими гидроэнергетикӣ васеъ истифода мешавад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ифтитоҳи дубораи ин корхона изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки навбати дуюми корхона ҳам ҳарчи зудтар ба кор дароварда шавад. Таъкид гардид, ки иқтидори ин корхона дар оянда бояд ба 1 миллион тонна расонда шавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Президенти ҶТ хабар доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






