Кумитаи корҳои дин кори ҳоҷиёнро осон кардааст
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Барои фароҳам овардани фазои мусоиди ибодат барои зиёраткунандаҳои Хонаи Худо, гуруҳи кории ситоди ҳаҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд, то интиқоли ҳоҷиён ба Масҷид-ул-Ҳаром сари вақт ва бидуни монеа сурат бигирад. Имсол гуруҳи кории Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамзамон роҳбарии ситоди «Ҳаҷ- 2013»-ро ба зимма дорад, бо истифода аз имкониятҳо дар натиҷаи ҷаҳду талошу музокирот бо кишвари мизбон масофаи байни истгоҳҳои нақлиёт ва Каъбаро ба маротиб наздиктар намудааст. Азизулло Мирзоев, масъули меҳмонхонаҳои шаҳри Макка мегӯяд: «Рӯзҳои аввал масофаи байни Ҳарам ва истгоҳҳо тақрибан як километрро ташкил медод, аммо дар натиҷаи баррасиҳои ситоди ҳаҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масофа аз як километр ба 150 метр расонида шуд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли Азизулло Мирзоев бино бар сабаби идома ёфтани корҳои сохтмонӣ дар атрофи Хонаи Худо зоирони баъзе кишварҳо то расидан ба Масҷид-ул-Ҳаром аз як то 2 километр роҳро тай мекунанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






