Л. Кожура: «Тоҷикистон дар минтақа рушди босубот дорад»
Душанбе, 16 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев сафари расмии Леонид Кожура — вазири корҳои хориҷии Украина ба Тоҷикистонро дар самти равобити ҳасанаи Душанбеву Киев нек арзёбӣ кард. Леонид Кожура, ки ҳамзамон раисии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/-ро ба дӯш дорад, бо як ҳайати баландпоя дар Душанбе қарор дорад. Дар ҷараёни мулоқот мусоҳибон масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориии Тоҷикистон бо САҲА-ро матраҳ намуданд. М. Убайдуллоев гуфт, ки ҳамкории Тоҷикистон бо институти бонуфузи низоми ҷаҳонӣ дар доираи уҳдадориҳои созишномавӣ дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи инсон, ҳамзамон ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа, рушди институтҳои шаҳрвандӣ, эҳтиром ба озодии матбуоту арзишҳои демократӣ вусъат меёбад. Ҳамзамон бо дахли хуруҷи неруҳои НАТО дар соли 2014 аз Афғонистон таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар иртибот ба ҳифзу таъмини амнияти минтақа омодааст дар ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавӣ тадбирҳои зарурӣ андешад. Инчунин мусоҳибон дар масъалаи таҳкими ҳамкориҳои Душанбеву Киев табодули назар намуданд. Зикр шуд, ки дар партави муносиботи ҳасанаи роҳбарияти олии ҳар ду кишвар ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ беш аз пеш тавсеа меёбанд. Хусусан ҷалби бештари сармояи украинӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, саноати мошинсозӣ, коммуникатсияи дохилию фаромарзии кишвар ба манфиати ҳар ду давлат аст. Ҳамзамон таъкид шуд, ки ташкили филиали донишгоҳҳои бонуфузи Украина дар шаҳри Душанбе ва афзоиши квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Украина самараи неки ҳамкории ду кишвар дар бахши илму маориф аст. Леонид Кожара -раиси САҲА ба рушди институтҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дахл намуда, гуфт, ки Тоҷикистон дар минтақа рушди босубот дорад. Сардори идораи сиёсати хориҷии Украина таъкид кард, ки ҷиҳати таҳкими равобити мутақобилан судманди Душанбеву Киев ва ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА аз имконоти мавҷуда васеъ истифода хоҳад кард.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






