Мӯҳлати будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия зиёд карда шуд

Октябрь 1, 2013 14:54

Душанбе, 1 октябр.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидова).- Минбаъд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд то 15 рӯз дар қаламрави Федератсияи Русия бидуни ба қайд гузоштан дар сохторҳои дахлдори ин кишвар гаштугузор намоянд. Қаблан тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Русия 7 рӯз муқаррар гардида буд. Дар ин росто вакилони Парлумони Тоҷикистон 1 октябр Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русияро ба тасвиб расонданд. Сафиаллоҳ Девонаев- сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ зимни шарҳи санади мазкур гуфт, ки он моҳи октябри соли 2012 дар Душанбе таҳия гардида, 8 феврали соли 2013 дар Маскав ба имзо расонида шудааст. Масъули ниҳоди Хадамоти муҳоҷирати кишвар ба тасвиб расонидани Созишномаи мазкурро яке аз муввафақиятҳои Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷии кишвар, хусусан ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия маънидод кард. Муҳиддин Кабирӣ-вакили Маҷлиси намояндагон зимни муҳокимаи санади мазкур аз Сафиаллоҳ Девонаев савол кард, ки оё мумкин нест, ки муҳлати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Русия бештар шавад, зеро бархе аз шаҳрвандони ИДМ муҳлати будубошашон дар Русия беш аз як моҳ аст. Сафиаллоҳ Девонаев дар посух гуфт, ки танҳо будубоши шаҳрвандони кишварҳое, ки узви Иттиҳоди гумрукианд, назири Беларус ва Қазоқистон дар қаламрави Русия то як моҳ муқаррар гардидааст. Аммо будубоши шаҳрвандони кишварҳои дигари ИДМ дар қаламрави Русия аз 7 рӯз зиёд нест. Гарчанде ба тасвиб расонидани санади мазкурро бархе аз вакилон иқдоми муҳим дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия арзёбӣ карданд, дар ин росто Шодӣ Шабдолов -роҳбари коммунистони кишвар гуфт, ки то 15 рӯз зиёд кардани тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ин роҳи ҳалли масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ нест. Ш. Шабдолов афзуд, ки дар Ҳукумат ва Парлумони Русия намояндагоне ҳастанд, ки мехоҳанд бо кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон реҷаи раводидро ҷорӣ намоянд. Аммо Маҳмудҷон Собиров-муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар, ки дар иҷлосияи панҷуми Парлумони кишвар ҳузур дошт, гуфт, ки масъалаи ҷорӣ намудани реҷаи раводид дар сатҳи расмӣ баррасӣ нагардидааст. Ин танҳо пешниҳоди бархе аз вакилони Думаи давлатии Русия аст, ки хостори ҷорӣ намудани реҷаи раводид бо кишварҳои ИДМ мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русияро Ҳукумати ин кишвар ба Парлумони Русия -Думаи давлатӣ ироа намудааст, вале то ҳанӯз Думаи давлатӣ онро ба тасвиб нарасонидааст.

Октябрь 1, 2013 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд