Машқҳои СПАД дар Челябинск

Октябрь 8, 2013 11:11

Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар»). – 7 октябр дар машқгоҳи Округи марказии ҳарбии Чебаркули вилояти Челябински Федератсияи Русия машқҳои дуюми муштараки сулҳомези Созмони Паймони амнияти дастаҷамъии «Бародарии вайроннашаванда — 2013» оғоз ёфтанд.Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар машқҳо ҷанговарони Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия иштирок доранд.Дар ҷараёни машқҳо масоили тайёрӣ ва гузаронидани амалиёт барои ҳифзи сулҳу субот аз ҷониби Қувваҳои сулҳомези дастаҷамъии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар минтақаи амнияти дастаҷамъӣ такмил дода мешавад.

Октябрь 8, 2013 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш