Машварати корӣ доир ба масоили омодагӣ ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор

Октябрь 23, 2013 13:52

Душанбе, 23 октябр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба масоили омодагӣ ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор машварати корӣ доир намуд.Машварати корӣ бо иштироки аъзои Кумитаи тадорукот доир ба омодагӣ ва таҷлили ин ҷашн, аъзои Ҳукумати кишвар ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони бонуфузи ноҳияи Ҳисор баргузор гардид.Тавре зикр гардид, ҷашни 3000-солагии Ҳисор моҳи сентябри соли 2015 таҷлил мегардад. Дар доираи омодагӣ ба ин ҷашн аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар сарчашмаҳои марказии маблағгузорӣ, буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорони ноҳияи Ҳисор садҳо иншооти нави замонавӣ бунёд ёфта, ҳазорон ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.Доир ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашн Муовини раиси Кумитаи тадорукот, Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон, Раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов ва дигар шахсони масъул ҳисобот доданд.Чунонки иттилоъ дода шуд, варзишгоҳи бузурги марказӣ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, мактаби президентӣ, чанд мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, беморхонаи нави марказӣ ва якчанд иншооти дигари тиббӣ, китобхонаю осорхона, боғи марказии фарҳангию фароғатӣ бо чойхонаи миллӣ, аз ҷумлаи иншооте мебошанд, ки бо маблағгузории ҷумҳуриявӣ бунёд хоҳанд ёфт. Дар ин муҳлат мушкили норасоии оби ошомиданӣ ва навсозии шабакаи обу корези маркази ноҳия бартараф шуда, зеристгоҳи барқии 220 киловолта бунёд хоҳад ёфт. Беш аз 130 иншооти дигар, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ноҳия сохта, ба кор дароварда хоҳанд шуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “ҳадафи асосӣ аз таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин диёри маъруфи бостонӣ, ободу зебо намудани он ва ба шаҳри зебои муосир табдил додани маркази ноҳия аст”. Тавре иттилоъ дода шуд, барои таҳти васоёи ЮНЕСКО таҷлил намудани ин ҷашни таърихию фарҳангӣ ба ин созмон дархости Ҳукумати кишвар фиристода шудааст.Роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони ноҳияи Ҳисор ва ҳамчунин роҳбарони сохторҳои масъули ҷумҳуриявӣ қавл доданд, ки барои дар сатҳи матлуб омодагӣ дидану таҷлил намудани ин ҷашнвораи пурифтихор аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда пурсамар истифода мебаранд. Аз нақшаҳои иштироки худ дар ободонии ноҳияи Ҳисор, аз ҷумла соҳибкорони бонуфузи ин водии файзбор Ҷамшед Зиёев, Маҳмадӣ Тӯраев, Неъмат Қурбонов, Рустам Саидов, Ашуралӣ Раҳматзода, Мавҷуда Ҳакимова ва Асадулло Абдуллоев изҳори андеша карданд. Тавре зикр гардид, танҳо аз ҷониби як соҳибкор Рустам Саидов дар маркази ноҳияи Ҳисор як мактаб, ду кӯдакистон, як бинои шашошёнаи истиқоматӣ ва як шаҳраки замонавии иборат аз 187 хонаҳои истиқоматии ду ва сеошёна бунёд меёбад. Ашуралӣ Раҳматзода бошад, азм дорад як терминали калони нақлиётӣ, як меҳмонхонаи дорои 200 ҷойи хоб ва як силсила биноҳои нуҳошёна бунёд намояд. Соҳибкорзани маҳаллӣ Мавҷуда Ҳакимова бошад, то имрӯз иншооти зиёд бунёд намуда, то таҷлили 3000 солагии Ҳисор боз якчанд корхонаи дигар бунёд карданӣ аст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи соҳибкорони ташаббускор, хусусан ин ба бонуи соҳибзавқ, арзи сипос карда, таъкид дошт, ки дар омодагӣ ба ин ҷашни пурифтихор тамоми мардуми ноҳия, ба хусус соҳибкорони он бояд саҳмгузор бошанд. “Омодагӣ бояд аз ҳар як хона, кӯча, деҳа, ҷамоати деҳот ва тамоми ҳудуди ноҳия оғоз ёбад”, — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.

Октябрь 23, 2013 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ