Маскав: Муҳоҷирони тоҷик аз муҳлати 15 рӯзаи қайд озод мешаванд

Октябрь 10, 2013 15:05

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Қарор аст, имрӯз Ҳукумати Федератсияи Русия масъалаи имзои Протокол дар бораи тағйирот дар Муоҳада миёни ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистон  дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз 16-уми октябри соли 2004-ро баррасӣ кунад.
  Дар ин бора субҳи имрӯз хадамоти матбуотии ҳукумати Русия иттилоъ дод. 
  Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия лоиҳаи имзои протоколи мазкурро ироа кардааст ва гуфта мешавад, ки он бар асоси  Ёддошти тафоҳум дар бораи рушди ҳамкориҳои минбаъда дар самти муҳоҷират таҳия гардидааст. 
 Дар Ёддошт ҳадафнок будани таҳия ва имзои муоҳадаи байналмилалие, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозати татбиқи фаъолияти меҳнатиашонро ба  муддати се сол дар Федератсияи Русия барои будубош медиҳад, дар назар дошта шудааст. 
  Дар сурати қабул шудани пешниҳодоти лоиҳа, инчунин масъалаи аз ҷониби президенти Русия барои тасвиб ба парлумон ироа кардани Муоҳада миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия низ баррасӣ мегардад. 
  Тибқи лоиҳаи пешниҳодӣ шаҳрвандони Тоҷикистон аз уҳдадории сабти ном дар мақомоти салоҳиятдори  маҳалли вуруд дар муддати 15 рӯз аз таърихи ворид гардидан озод мешаванд.

Октябрь 10, 2013 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш