Минтақаи нави маъмурии милитсия дар ноҳияи Рӯдакӣ

Октябрь 31, 2013 09:28

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар, Л. Қосимова).- 30 октябри соли равон бо ташаббуси вазири корҳои дохилӣ ва дастгирии ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷамоати деҳоти Қиблаии ҳамин ноҳия бинои нави минтақаи маъмурии милитсия ба истифода дода шуд, ки он бо таҷҳизоти муосир, аз қабили компютеру телевизор ва мизу курсӣ таъмин карда шуд.Дар маросими кушодашавии бинои мазкур вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Саидмурод Тағоев, аҳли ҷамоат, роҳбарияти раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии шуъбаи дуюми ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.Аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ҳамкории ҳамаҷониба бо мақомоти корҳои дохилӣ ба раиси ҷамоати деҳоти Қиблаӣ Ҳадятулло Нуров Сипоснома супорида шуд.Тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, имрӯзҳо аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти кормандони милитсия, бахусус нозирони минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Октябрь 31, 2013 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш