Муҳокимаи нақши забони русӣ дар муоширати байни форсизабонони дунё

Октябрь 28, 2013 10:59

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ “Ховар”, Сабоҳат Қадамова).- Форуми байналмилалии “Нақши забони русӣ дар муоширати байни фарҳангӣ: Русия ва мамолики форсизабонони дунё» (Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон), ки тӯли як ҳафта дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷараён дошт, кори худро ҷамъбаст кард. Дар форуми мазкур наздик ба сад нафар мутахассисон ва адабиётшиносони соҳа аз кишварҳои Эрон, Русия ва Тоҷикистон гирди ҳам омада, доир ба баланд бардоштани мақоми забон, адабиёт ва фарҳанги рус дар кишварҳои форсизабон маърӯза карданд.Ҳамчунин дар нишаст нақши забон ва адабиёти рус дар кишварҳои форсизабон, масъалаи тарҷума ва тарҷумашиносӣ, забони русӣ дар муоширати фарҳангҳо, методикаи таълими забон ва адабиёти рус дар фазои ғайрирусӣ, масъалаҳои мубрами таҳқиқ ва таълими забони русӣ баррасӣ шуданд.

Октябрь 28, 2013 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш