Мукофоти олӣ ба Президенти Тоҷикистон

Октябрь 28, 2013 13:45

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузурги шахсиаш ба ҳамгироию ҳамкорӣ дар фазои пасошӯравӣ бо мукофоти олии Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон «Ордени Иттиҳоди дараҷаи 1» сарфароз гардид. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо саноати Тоҷикистон хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти серсоҳааш дар таҳкими муносибатҳои мутақобилан муфиди байни давлатҳои кишварҳои Иттиҳод дар фазои пасошӯравӣ бо ин мукофоти олӣ қадр карда шудааст. Қобили зикр аст, ки Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон созмони ғайриҳукуматии ҷамъиятии байналмилалӣ ба шумор рафта, бо ибтикори Иттиҳоди саноатчиёну соҳибкорони Русия 21 феврали соли 1992 таъсис ёфта буд. Алҳол Конгресс иттиҳодияҳои миллии саноатчиёну соҳибкорони 28 кишвари Аврупо ва Осиё, аз ҷумла, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Булғористон, Маҷористон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Руминия, Тоҷикистон, Эстонияро дар бар мегирад. Беш аз садҳо корхонаю ташкилотҳо, ширкатҳо ва ниҳодҳои дигари хоҷагидории дорои шаклҳои гуногуни моликият ва бисёр соҳаҳои иқтисодиёти кишварҳои мухталиф бо Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон ҳамкорӣ доранд. Конгресс аз мақоми расмии назди Созмони Милали Муттаҳид дар бахши рушди саноат ва Маҷмааи парлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бархӯрдор аст. 

Октябрь 28, 2013 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш