Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Екатеринбург

Октябрь 29, 2013 09:28

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Дар шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск вохӯрии намояндаи ҲХДТ Бобоалӣ Ҳусейнов бо муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор шуд. Зимни суҳбат Б.Ҳусейнов ба муҳоҷирони тоҷик доир ба самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби президенти ҶТ- Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон муфассал маълумот дод. Зикр шуд, ки банди 4 барномаи мазкур ба қонунгузорӣ бахшида шуда, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба такмили қонунгузории соҳаи муҳоҷиратро низ дар бар мегирад.Зикр шуд, ки имрӯз аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати ҶТ ҷиҳати беҳдошти шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, бахусус дар ФР корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокдорони вохӯрӣ саволу ҷавоб сурат гирифт. Вобаста ба паҳлуҳои гуногуни қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатӣ яке аз иштирокдорони мулоқот Суҳроб Раҳимов таклиф кард, ки дар назди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон курсҳои махсуси касбомӯзӣ, асосҳои қонунгузории кишвари қабулкунанда дар соҳаи муҳоҷират, забондонӣ ва одоби муоширату рафтор таъсис дода шаванд.

Октябрь 29, 2013 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш