Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳияи Ванҷ
Душанбе, 8 октябр (АМИТ «Ховар»).- Дар боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳияи Ванҷ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори аҳолии ин ноҳия мулоқот намуд.Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои ноҳияро дар солҳои гузашта, хусусан дар 9 моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои рушди ояндаи он дар назди роҳбарияти ноҳия ва масъулини вилоятию ҷумҳуриявӣ вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки барои истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ, пеш аз ҳама санги мармар ва ҳам коркарди саноатии меваҷоти шаҳдбори Ванҷи ганҷрез тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.Супоришҳои мушаххаси дигар, ҳамчунин зимни маҳфили пурсишу посух, аз ҷумла барои иҷрои талабу дархостҳои мардум дода шуд. Тибқи яке аз дастурҳои Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Калон Дамдоров ду коргоҳи дӯзандагӣ бо 500 ҷойи корӣ, асосан барои дӯхти либоси мактабӣ, то Наврӯзи 2014 бунёд карда мешавад. Дастур дода шуд, ки барои соҳибкорзани маҳаллӣ Ҷамила Усмонова, ки то имрӯз корҳои намоён анҷом додааст, бо ҷудо намудани маблағҳои ҷумҳуриявии грантӣ як коргоҳи бофандагию дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ барои духтарон аз оилаҳои ниёзманд сохта, туҳфа карда шавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






