Мулоқоти Р.Назаров бо Л. Демолен

Октябрь 18, 2013 15:35

Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров бо ҳайати Жандармерияи миллии Фаронса бо роҳбарии генерал-майор Лоран Демолен баргузор гардид. Назар ба хабари маркази матбуоти агентӣ, Рустам Назаров ҳайатро бо вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистону Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуд. Дар ҷараёни мулоқот масоили афзун намудани самараи ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунгин масоили вазъи маводи нашъаовар ва дурнамои он барои соли 2014-ро баррасӣ намуданд. Мувофиқи маълумоти манбаъ, Лоран Демолен дар навбати худ иброз дошт, ки хукумати Фаронса ба масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Мавсуф ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқии ҷумҳурӣ барои фаъолияти судмандаш дар ин бахш изҳори миннатдорӣ карда, қайд намуд, ки ҳукумати кишвараш дар ташкили мубориза бо маводи нашъаовар Ҷумҳурии Тоҷикистонро минбаъд ҳам дастгирӣ хоҳад кард. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар минбаъд ҳам рушду густариш хоҳад ёфт.

Октябрь 18, 2013 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш