Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Эрон

Октябрь 10, 2013 14:42

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Асғари Шеърдӯстро ба муносибати ба поён расидани маъмурияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. Ҳангоми мулоқот, ки дар фазои дӯстона гузашт, масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни ду кишвар мавриди мубодилаи афкор қарор гирифтанд. Мусоҳибон аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии ду ҷонибро ба тавсеа ва таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи гуногун таъкид карданд. Вазири корҳои хориҷӣ ба Алӣ Асғари Шеърдӯст барои саҳмаш дар густашири муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар муддати маъмурияти дипломатиаш ба сифати Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба ӯ комёбиҳо орзу кард.

Октябрь 10, 2013 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш