Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон

Октябрь 18, 2013 15:34

Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар»).- 17 октябр дар шаҳри Ашқобод мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва муовини раиси Шӯрои вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид. Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои нақлиёт, тичорату иқтисодиёт ва ғайраро мавриди муҳокима қарор доданд. Зимни мулоқот ба ҳамкории ҳарду кишвар дар татбиқи лоиҳаи бунёди роҳи оҳани «Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон», ки дар оянда бояд ҷузви муҳими интиқоли амволи байни давлатҳои Осиёи Марказӣ гардад, тавваҷӯҳи хоса зоҳир шуд. Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани лоиҳаи мазкур, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам омада, соҳаҳои мухталифи истеҳсолоти минтақа ҳарчи бештар рушду густариш меёбанд.

Октябрь 18, 2013 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш