Муроҷиатномаи Шўрои Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти ҶТ
Душанбе, 5 октябр (АМИТ «Ховар»).- Мо, аъзоёни Шўрои Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз номи тамоми собиқадорони амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави мамлакатҳои дигар ба ҳамаи гурўҳҳои собиқадорони ҷангу меҳнат ва мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлоли азизамон муроҷиат менамоем, ки ба ҷонибдории беҳтарин номзад ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд. Таҳаввулоту дигаргуниҳои куллии дар ҳаёти давлату миллати мо дар мўҳлати нисбатан кўтоҳи таърихӣ, 22 — соли соҳибистиқлолӣ, бадастомада нишонгари онанд, ки мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои исботи ин андешаҳо саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистонро варақ зада мебинем, ки мо кӣ будему, кӣ шудем. Ҳамаи душвориҳои ниҳоят вазнинро бо сарварии мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси сар кардем ва ба рўзҳои неку ҳаёти шукуфон ноил гардидем. Мо, собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист, аз кўраи ҷанги даҳшатбори таҳмилии Афғонистон гузашта, дар Ватани худ рўзҳои вазнинтарину фоҷиабори солҳои аввали 90-ми асри гузаштаро нағз дар хотир дорем. Бо айби душманони миллати тоҷик бародар бо бародар, падар бо писар силоҳ кашида, ҷанги бемаънии бародаркушӣ вусъат ёфт. Тоҷикистони навбунёди мо ба киштии оташгирифтаи даруни баҳри беканор монанд буд. Хавфи аз харитаи ҷаҳон несту нобуд гардидан Ватани азизамонро таҳдид мекард. Мардум ба фардои худ боварӣ надоштанд. Садҳо ҳазор нафар ҳамватанони мо ба давлатҳои Афғонистон, Покистон, Эрон ва ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ фирорӣ шуданд. Дар чунин шароити вазнину роҳи сарбаста як қуввае лозим буд, ки мўъҷиза офараду, бародарро бо бародар оштӣ диҳад, ба ҷанги хонумонсўз хотима гузорад, халқи парокандаи тоҷикро сарҷамъ намуда, сулҳу амониро барқарор созад. Хушбахтона, ба бахти миллати тоҷик чунин шахси мўъҷизакор пайдо шуд. Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ақлу хиради худододи худ ҷони худро ба каф гирифта, дар ҳассостарин лаҳзаҳои пурхавфу хатар тадбирҳо андешида, шабу рўз кору пайкор намуда, халқи азияткашидаи тоҷикро аз ин вартаи сарбастаю пурхавфу хатар наҷот дод. Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини азияткашидаи мо дар як мўҳлати кўтоҳи таърихӣ фақру гуруснагӣ, бенавоию парешонӣ, беҳокимиятию хавфу хатар ва дигар камбудиҳои мавҷудаи ҷомеаро бартараф намуда, барномаҳои густардаеро дар ҳаёт татбиқ намуд, ки оғозу анҷоми онҳо барои кишвари дар ҷанг харобгардидаи мо маҳаки наҷот буданд. Ў бо меҳнатдўстӣ, далерию кордонии ба худ хос ба иҷрои чунин нақшаҳои азиму тақдирсозе камар баст, ки аҳли ҷамеаи ҷаҳонро ба ҳайрат меоварданд. Бунёди роҳоҳи мошингарди Кўлоб -Қалъаи Хумб – Хоруғ- Қулма, Душанбе- Хуҷанд-Чанок, Ваҳдат- сарҳади Қирғизистон, нақбҳои азими Истиқлол, Шаҳристон, Шаршар ва Чормағзак, ки Ватани азизи моро аз бунбасти комммуникатсионӣ бароварда, ба пешрафту тараққии он такони ҷиддӣ доданд, рафту омади ҳамватанонамонро ниҳоят осон гардонданд, кори хеле хайру мўъҷизаовар мебошанд. Оғоз намудани сохтмони нерўгоҳи барқи обии Роғун, ки аз ҳама нақшаҳо муҳимтар ва заруртар аст, обрўи сокини ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Бунёди нерўгоҳҳои барқи обии Сангтўда-1 ва Сангтўда-2 таъмини кишвари моро бо барқ хеле беҳтар намуд. Сохтмони васеи роҳи мошингард, синаи кўҳҳои осмонбўсро кофта, нақбҳои зери заминӣ сохта, Эмомалӣ Раҳмон умеду орзуҳои ҳазорсолаи сокинони мардуми кўҳистонро ба амал бароварда, барои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи устувор гузошт. Баромадҳои пурмўҳтавои Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳою давлатҳои ҷаҳон ба дили ҳар яки мо умеду орзуҳои нав мебахшанд. Мо воқеан фахр мекунем, ки баромадҳои пурмазмуну таъсирбахш, сиёсати сулҳхоҳонаи ўро роҳбарони аксар мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, шоистаи омўзишу дар амал ҷорӣ гардидани он мешуморанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар рўзҳои аввали ба роҳбарии давлати тоҷикон омаданаш изҳор карда буд: «То даме, ки мо халқи ҷафокашу бо ҳукми тақдир парешон шудаамонро аз нав чамъ насозем, то даме, ки охирин тоҷики ғарибро аз берун ба Ватан наорем, набояд хотирҷамъ шавем». Тантанаи иди Ваҳдати миллие, ки 16-мин солгарди Рўзи ба имзорасии онро 27 июни соли равон ботантана таҷлил намудем, нишонгари ягонагӣ, дўстию бародарии халқи мо гардид. Ин тантанаи иди Ваҳдати Миллӣ ба тамоми ҷаҳониён нишон дод, ки суханони хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сарҷамъ шудани тоҷикон дар амал ҷорӣ гардиданд. Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати саъю кўшиши Сарвари давлатамон сатҳи зисту зиндагонии мардум сол то сол боло рафта истодааст. Шўрои Кумитаи кор бо ҷанговарони интерантсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ қайд мекунад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зиёиён, занон ва ҷавонони пуршарафи ҷумҳуриро ҳамчун потенсиали интеллектуалӣ, нерўи тоза, пешрафти ҷомеа, рушду нумўи ҷумҳурии соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ оқилона истифода бурда, онҳоро аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ менамояд. Мо, ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ, ҳеҷ шубҳае надорем, ки ин мақсаду вазифаҳои ба миён гузоштаи Эмомалӣ Раҳмон дар амал ҷорӣ мегарданду сатҳи зисту зиндагонии мардуми мо ба зинаҳои боз ҳам баландтар бардошта мешавад. Хизматҳои барҷастаи мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назди миллати тоҷик ва тамоми мардуми Тоҷикистон ба назар гирифта, мо, ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ кулли интихобкунандагонро даъват менамоем, ки дар рўзи интихобот ба тарафдории номзади беҳтарину арзандаи халқ, шахси мўъҷизакору хирадпеша, сиёсатмадори арсаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон якдилона овоз диҳанд. Муроҷиатнома дар маҷлиси Шўрои Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013 қабул карда шудааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






