Мусобиқаи ҷумҳуриявии баскетбол миёни наврасон дар пойтахт

Октябрь 8, 2013 13:38

Душанбе, 8 октябр (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Аз 21-ум то 25-уми октябр дар толори Мактаби варзишии махсуси кўдакону наврасони захираҳои олимпии №5-и шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии баскетбол миёни писарони соли таваллуди 1996 ва аз ин хурд доир мегардад.Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, мусобиқаи мазкур ба хотираи Мураббии шоистаи ҷумҳурӣ Абдулло Муродов баргузор гардида, ширкати ҳайати дастҳои вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳру навоҳии тобеи марказ, водии Рашт ва шаҳри Душанбе дар назар аст.Гуфта мешавад, ки ғолибону ҷоизадорон бо диплому медал ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи баскетболи кишвар қадрдонӣ мешаванд.

Октябрь 8, 2013 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш