Мусобиқаи ҷумҳуриявии футбол ба хотираи Султон Мирзоев

Октябрь 2, 2013 09:38

Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад). — Аз 3 то 7 октябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии футбол миёни наврсони соҳои таваллуди 1997-1998 ба хотираи мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Мирзоев доир мегардад. Дар мусобиқа ширкати ҳайати дастаҳои вилояти Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва кишварҳои Қазоқистону Қирғизистон дар назар аст. Ғолибон ва бозингарони беҳтарин бо диплому медал ва туҳфаву ҷомҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи футбол қадрдонӣ мешаванд.

Октябрь 2, 2013 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш