Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ дар Душанбе

Октябрь 24, 2013 09:59

Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- 9 ва 10-уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор мегардад. Мусобиқаи мазкур миёни варзишгарони соли таваллудашон аз 1994 то1996 доир мегардад. Дар чорабинӣ ширкати дастаҳои ВМКБ, Суғд, Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва минтақаи Рашт дар вазнҳои 55, 60, 65, 70, 75, 80,86, 95 ва аз 95 боло дар назар аст. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Октябрь 24, 2013 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш