Мусобиқаи парашютпартоӣ дар Фахробод

Октябрь 10, 2013 13:56

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). —  Ба наздикӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ (ТҶММ)  бахшида ба иди Сарқонуни ҶТ таҳти унвони «Фахробод» чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба парашютпартоӣ  баргузор мегардад. Дар он варзишгарони Клуби миллии ҳавопаймоии ТҶММ бо тайёраи АН-2 аз парашютҳои варзишӣ ҷаҳиш анҷом медиҳанд. 
Тавре ки котиби матбуотии ТҶММ ҶТ Абдурақиб Қодиров  ба АМИТ «Ховар» хабар дод,  дар айни ҳол корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқа идома доранд. 
Чорабинӣ дар Фахробод баргузор гардида, дар он варзишгарон аз рӯи намуди дақиқ ва дуруст фаромадан бо парашют ба нуқтаи муайяншуда миёни худ қувваозмоӣ хоҳанд намуд. 
Бояд гуфт, ки барои рушди ин намуди варзиш бо маблағгузории Ҳукумати ҶТ ҳавопаймои АН-2  ва парашютҳои варзишӣ харид шудаанд. 

Октябрь 10, 2013 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш