Муваффақияти варзишгарони тоҷик дар Австрия

Октябрь 9, 2013 13:40

Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Се варзишгари тоҷик дар риштаи Сумо , ки дар шаҳри Колфауи Австрия чемпионати мазкур оид ба ин риштаи варзиш баргузор гардид, маваффақ гаштаанд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро се варзишгар муаррифӣ карданд. Зоирҷон Ёров дар вазни 115 кг ҷойи  дуввум,  Акмал Назруддинов дар вазни то 80 кг ҷойи саввумро  ишғол карданд. 
Ҳамчунин  дар бахши  дарёфти ҷоизаи “ Open West”   Зоирҷон Ёров ба гирифтани ҷои дуввум ва  Фотеҳ Мухторов дар вазни аз 115 кг боло сазовори ҷойи  саввум гардиданд.
 

Октябрь 9, 2013 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш