Намоиши санъати икебана ва кимоно дар Тоҷикистон

Октябрь 16, 2013 13:22

Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Анна  Мощенко). – 14  октябр  дар  Сафорати   Ҷопон  бахшида ба   намоиши  санъати  қадимаи икебана  ва  кимонои  Ҷопон  дар  шаҳри  Душанбе  нишасти  матбуотӣ  баргузор  гардид. Муншии  сеюми Сафорати  Ҷопон  дар  ҶТ  Такааки  Коматсу  зикр  намуд, ки  кишварҳои  мо дар  баробари  роҳандозии чорабиниҳои  фарҳангӣ  дар  бисёр  масъалаҳои дигар  низ  ҳамкорӣ  доранд. Дар  ҳошияи  шиносоӣ  бо  фарҳанги  Ҷопон  устоди  санъати  икебана ва  кимоно  хонум  Ямада Мидори  ва  шогирди  у  Гарин ба  Тоҷикистон  меоянд. Онҳо  муаллимони  санъати  икебана на  фақат  дар  Тоҷикистон,  балки дар  бисёр  кишварҳои  дигар  низ  ба  шумор  мераванд. 
 
Рӯзҳои  фарҳанги Тоҷикистон   бо  дастгирии  Ҳукумати  ҶТ,   Маркази  фарҳангии «Бохтар» ва Маркази Исмоилия 20 – 22  октябр баргузор мешаванд. Ҳамчунин  20  октябр  дар Маркази  Исмоилия  маросими  намоиши   санъати икебана ва  кимоно  сурат  мегирад.

Октябрь 16, 2013 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш