Насби трансформаторҳои иловагӣ дар деҳаҳои Кӯлоб
Кӯлоб, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Бо мақсади омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб 12 номгӯй чорабиниҳоро ба нақша гирифтаанд, ки 4 адади он иҷро гардидааст. Ба иттилои директори шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб Мирзо Исмоилов иваз намудани ҷудокунак ва васлкунакҳои автоматии ростпайванди 0,4 кв ба миқдори 295 адад иҷро шуда, барои ба меъёр овардани равғани трансформаторҳои қуввагӣ 2,6 тонна равғани трансформатор илова карда шудааст.
Инчунин дар 9 деҳаи ноҳияҳои минтақа трансформаторҳои иловагӣ насб гардидааст, ки иқтидори умумии онҳо 1633 кв –ро дар бар мегирад. Гуфта мешавад масъулини шабакаҳои барқи минтақа тасмим гирифтаанд, ки назорати қатъиро дар ин самт ба роҳ монда, мушкилоти аҳолиро аз маҳдудияти барқ бартараф созанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






