Нашри китоби “Ҷараёни бемонеа” аз тарафи ЮНЕСКО
Душанбе, 17 октябр (АМИТ «Ховар»).-Аз ҷониби бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг – ЮНЕСКО таҳти унвони Ҷараёни озод (free flow) китоби мусавваре ба нашр расид, ки ба натиҷаҳои Конфронси имсолаи байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об бахшида шудааст.
Хотиррасон бояд намуд, ки ин конфронс рӯзҳои 20 ва 21-уми августи соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 1000 нафар намояндагони воломақом аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бешумори минтақавию ҷаҳонӣ баргузор гардида буд.
Дар ин китоб натиҷаҳои пурарзиши ин конфронс ва умуман баррасии байналмилалии масоили ҳалталаби вобаста ба таъмини дастрасии аҳолии сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ инъикос ёфтааст. Ба нақши махсус ва намоёни Тоҷикистон ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки чун кишвари пешсаф ва ташаббускор дар ҳалли масоили обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст.
Чунин таваҷҷуҳ ба мақом ва нақши Тоҷикистон дар ин ҷода табиист, зеро маҳз бо ташаббуси кишвари мо соли 2003 чун “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон гардид. Тибқи нақшаҳои байналмилалӣ, ки аз ду ташаббуси охири Тоҷикистон бармеоянд, ҳоло дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ барномаҳои гуногуни вобаста ба таъмини дастрасӣ ба оби тоза ва чорабиниҳои сершумори минтақавию ҷаҳонӣ амалӣ мегарданд.
Санадҳо, пешниҳодҳои зиёд ва ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ дар соҳаи об, ки зимни конфронси душанбегии байналмилалии сатҳи баланд қабул ва пешкаши ҷаҳониён гардидааст, дар як маҷаллаи мусаввар ба нашр расид, ки он низ инъикосгари нақши намоёни Тоҷикистон ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода мебошад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






