Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Фархор
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар кард.Боздиди кории Сарвари давлат аз ноҳияи Фархор оғоз ёфт.Дар маркази ноҳияи Фархор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст биноҳои нави Кумитаи иҷроияи маҳаллии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ифтитощ ёфт.Тавре аён гардид, ин бино дуошёна буда, дорои ҳамаи шароити зарурии корӣ мебошад.Дар саҳни ҳавлии бино Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба як зумра аъзои нави Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои узвият ба ин ҳизбро тақдим намуд.Сипас дар маркази ноҳияи Фархор китобхонаи марказии ноҳия ифтитоҳ ёфт.Зимни шиносоӣ бо бинои китобхона, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо харҷи 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд ёфта, дорои 15 утоқи корӣ, хазинаи бузурги китоб, толори калони китобхонӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад.Ҳоло китобхона дорои 122 ҳазор номгӯй китоб аст, ки қариб 600 номгӯяш адабиёти тозанашр аст.Китобхона, ҳамчунин дорои толори калони электронӣ бо 30 адад компютери ба интернет пайваст мебошад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ин толор курсҳои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шавад, то ки наврасону ҷавонон ҳамқадам бо рушди босуръати илму технологияҳои муосир таълиму тарбият ёбанд.Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик аз мактаби рақами 10-и Абдулҳамид Маҷидов, ки китобхонаи шахсии дорои 7 ҳазор нусха китоб дорад, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чанд нусха китобҳои нодири таърихиро ҳадя намуд.Зимни ифтитоҳи осорхонаи нави ноҳиявӣ, ки дар як гӯшаи боғи фарҳангию фароғатӣ қарор дорад, иттилоъ дода шуд, ки ин бинои зебои дуошёнаи бо харҷи 2 миллион сомонӣ маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ бунёд ёфтааст.Осорхона дорои 2 толори бузург ва утоқҳои гуногун буда, ҳоло дар онҳо беш аз 200 нигораю дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба намоиш гузошта шудаанд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ, ки аз ҷониби ширкати СУР САФ анҷом дода шудааст, баҳои баланд дод.Бостоншиносони ҷумҳурӣ бо фараҳ иттилоъ доданд, ки дар арафаи ин сафар дар ҳудуди ноҳияи Фархор бозмондаҳои як шаҳри бостонӣ пайдо гардидааст. 72 ёдгорие, ки дар ҷойи он то имрӯз ошкор гардидааст, ба осори аввалҳои ҳазораи дуюми пеш аз мелод рост меояд. Яъне ин шаҳр, ки ба тахмини бостоншиносон ҳамон Фархори овозадори бостонӣ аст, беш аз 4 ҳазор сол таърих дорад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






