Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ
Душанбе, 28 октябр (АМИТ «Ховар»).- Аз субҳи имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ноҳияи Восеъ идома ёфт.Дар ноҳияи Восеъ нахуст бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи хусусии коркарди намак бо номи Хоҷа Муъмин ифтитоҳ ёфт.Чунонки иттилоъ доданд, ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмуд Ҳусейнов бунёд ёфтааст. Дар ин корхона, ки дар як шабонарӯз метавонад то 120 тонна намакро коркард намояд, 50 кас бо кори доимӣ ва то 30 нафари дигар бо корҳои мавсимӣ таъмин гардидаанд.Ба иттилои роҳбарияти корхона дар ин ҷо соҳибкорони дигар низ метавонанд барои коркард намак биёранд, зеро худи онҳо ҳоло иқтидори истеҳсолиро пурра мавриди истифода қарор надодаанд.Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки коркард, шустану поксозии намак ва ҳамчунин бастубанди он бо технологияи муосири стандарти ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоташ барои содирот ба бозорҳои хориҷи кишвар ҳам нигаронда шудааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ёдноккунии намак, ки барои нигоҳ доштани сиҳҳатии мардум басо муҳим аст, сифати сатҳи ҷаҳонии маҳсулот ва ба содирот нигарондани он таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҳамчунин таъкид дошт, ки бояд иқтидори истеҳсолӣ ва шумораи ҷойҳои корӣ афзун карда шавад.Дар маркази ноҳияи Восеъ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими хайрияи тӯйи арусии 20 ҷуфти ҷавон ва хатнасури 120 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд, ки ба таври дастаҷамъона ба роҳ монда шудааст, иштирок намуда, ба ҳар яки онҳо кумаки яквақтаи моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин кӯдакону наврасони аз падар ва ҳам модар ятиммондаи ноҳияи Восеъ, ки шумораашон 86 нафар аст, кумаки яквақтаи моддӣ расонда, туҳфаҳои хотиравӣ дод.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






