Оғози сафари кории Президент ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин минтақаи дурдасти кӯҳсор ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард.Боздиди корӣ аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт. Дар ин ҷо нахуст як нерӯгоҳи хурди обии дорои иқтидори 900 киловатт/соат, ки бо харҷи 7 миллиону 126 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.Тавре зикр гардид, бо фаъол шудани ин нерӯгоҳ мушкили норасоии нерӯи барқ дар маркази ноҳияи Ванҷ дар фасли зимистон пурра бартараф мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки пас аз як моҳи дигар боз як нерӯгоҳи дигар бо иқтидори 300 киловатт/соат ба кор дароварда мешавад.То ин вақт дар ноҳияи Ванҷ ҳамагӣ 1000 киловатт/соат нерӯи барқ истеҳсол мешуд. Бо фаъол гардидани ин ду нерӯгоҳи нав ин иқтидор ба 2200 киловатт/соат расида, тавлиди нерӯи барқ дар ноҳия беш аз ду баробар афзун мегардад. Аз ин пас норасоии нерӯи барқ дар фасли зимистон танҳо дар чанд деҳаи дурдасти Ванҷи боло қисман боқӣ мемонад, ки ин ҳам ояндаи наздик бартараф мегардад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






