Оғози сафари кории Сарвари давлат ба Ҷумҳурии Беларус

Октябрь 24, 2013 15:03

Душанбе, 24 октябр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаҳои навбатии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Минск, пойтахти Ҷумҳурии Беларус шуд.Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Минск Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Дар шаҳри Минск Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иштирок карда, бо тоҷикон ва ҳамватанони муқими Беларус мулоқот доир менамояд.Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок мекунад.Ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пагоҳ баргузор хоҳад шуд.

Октябрь 24, 2013 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш