Оғози семинар дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ

Октябрь 21, 2013 15:30

Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Аз 21 то 23 октябри соли 2013, дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳа семинари иттилоотии MIEUX оид ба таҳлили маълумотҳо оид ба муҳоҷират бо мақсади табодули таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ оғоз гардид.Дар кори семинар кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи он, инчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо бо роҳбарии сардори шуъба оид ба ҳамкориҳои техникӣ Овидию Мик, намояндаи Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷиратӣ Алфред Вогер, намояндаи Комиссияи оид ба масъалаҳои иқтисодии Аврупо доир ба табодули маълумотҳо ва баҳодиҳии шумораи муҳоҷирон Андреа Кутилйо ва таҷрибаи Маҷористон дар ин самт Аураш Маринеску ширкат меварзанд. Лоиҳаи мазкур аз шаш давра иборат буда, дар семинар як давраи он- табодули таҷрибаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди омўзиш қарор мегирад.

Октябрь 21, 2013 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш