Оғози сохтмони як зумра иншооти муҳим дар ноҳияи Фархор

Октябрь 27, 2013 14:43

Дар ноҳияи Фархор бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони як зумра иншооти нави замонавӣ оғоз ёфт, ки дар онҳо садҳо нафар аз аҳолии маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ хоҳанд шуд.Дар маркази ноҳия санги асоси як мактаби нави замонавӣ гузошта шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Нозимов сохта хоҳад шуд.Тибқи нақшаи соҳибкор бинои ин мактаб бо ду ошёна барои 1300 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шуда буд.Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, бинои сеошёна ва хеле аз нақшаи кунунӣ фарохтар шавад ва 1200 нафар хонандаро дар як баст фаро бигирад. Барои ин ба роҳбарияти ноҳия дастур дода шуд, ки масоҳати замини барои сохтмони мактаб пешбинишуда, зиёд карда шавад. Тибқи маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаб бояд толори барҳавои варзишӣ, толори маҷлисӣ бо 300 ҷойи нишаст ва ошхона бо 150 ҷой низ дошта бошад, то ки ба талаботи замон мутобиқ шавад.Дар маркази ноҳия бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони бинои нави филиали Тоҷпромбонк низ оғоз ёфт.Тавре зикр гардид, ин бино ҳамчунин дорои меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб хоҳад буд.Дар маркази ноҳияи Фархор Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи бошукуҳи навро мавриди баҳрабардории мардум қарор дод.Дар ҷамоати деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор сохтмони як корхонаи ресандагӣ оғоз ёфт, ки бо харҷи 40 миллион сомонӣ маблағҳои Тоҷиксодиротбонк аз ҷониби ширкати ватании Адолат дар зарфи як сол анҷом хоҳад ёфт.Корхона дорои иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он 300 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.Таври иттилоъ доданд, як сол пеш дар паҳлӯи ин мавзеъ корхонаи пахтатозакунӣ сохта ба кор дароварда шуда будааст, ки дар он 150 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар ин корхона дар як шабонарӯз 300 тонна пахта коркард мешавад.Роҳбари Тоҷиксодиротбонк Тоҷиддин Пиров ва Раиси ширкати Адолат Акбаршо Неъматов дар посух ба маслиҳатҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки оянда дар ҳамин ҷо корхонаҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ низ бунёд намуда, коркарди пурраи нахи пахаро ба роҳ мемонанд.Ҳардуи онҳо, ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иттилоъ доданд, ки дар маркази ноҳияи Фархор 2 бинои ҳафтошёнаи истиқоматии дорои 60 хона бо харҷи 20 миллион сомонӣ дар зарфи як сол сохта, ба хоҳишмандон пешкаш менамоянд.

Октябрь 27, 2013 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ