Оқибати фоҷиавии садамаи нақлиётӣ

Октябрь 29, 2013 14:49

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 28 октябр бар асари суръати ҳаракати мошинро аз ҳад зиёд баланд бардоштани ронанда Мақсуд Суфишоев мошини номбурда ба харсанг бархурда ва ба дарёи Панҷ афтид. Дар натиҷаи ин ҳодиса худи ронанда ва се нафар мусофирони он ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар захм бардошта дар беморхонаи шаҳри Хоруғ бистарӣ шуданд. Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, мошини сокини ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Халилов дар ҳудуди ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Бохтар ба дарахт бархурда, дар натиҷаи ин мусофири он Муслиҳиддин Олимов дар маҳалли воқеа ба ҳалокат расид.

Октябрь 29, 2013 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш