Омӯзиши таъсиси намудҳои муносиб дар Варзоб
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», С.Солех).-Аз 29 то 31 октябр дар маҷмааи фароғатии «Ҷаҳонгир”-и ноҳияи Варзоб бо дастгирии барномаи «Рушди барвақтии кӯдак»-и Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва лоиҳаи шабакавии Рушди барвақтии Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Лондон барои намояндаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимият, мудирони шуъбаву идораҳои маориф ва омӯзгорон аз ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳи Куҳӣ, Ҷиргатол, Тавилдара, Рӯшон ва шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Кӯлоб, Кӯрғонтеппа оид ба таъсиси моделҳои ҷойгузини «Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб» омӯзишҳо баргузор мегарданд. Ҳадафи баргузории омӯзишҳо – таҷрибаи лоиҳаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ оид ба таъсиси моделҳои ҷойгузини «Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб» дар маҳалҳое мебошад, ки муассисаҳои томактабӣ вуҷуд надоранд ва ё фарогирии кӯдакон бо хизматрасонии таҳсилотӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Ҳадафи рушди барвақтии кӯдак барои дастрасии босифати таҳсилот ба кӯдаконе равона шудааст, ки имконияти гирифтани таҳсилоти томактабиро надоранд ва ё барои ин дар низоми маориф ва ё умуман дар ҷомеа садде мавҷуд аст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






