Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар Ҳамадонӣ

Октябрь 4, 2013 10:50

Ҳамадонӣ, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бо мақсади хуб паси сар намудани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ кулли муассисаҳои таълимии ноҳияро бо маводи сӯхт таъмин намуда, миқдори зарурии ангишту ҳезум захира кардааст. Ҳамзамон барои истифодаи муҳаррикҳои дизелӣ ба қадри кофӣ маводи сӯзишворӣ харидорӣ мешавад. Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия, ки дар он беш аз 1200 нафар хонанда таҳсил мекунад, аз нақшаи пешбинигардида зиёд маводи сӯзишворӣ захира шудааст ва рӯзҳои наздик боз 12 метри мураббаъ ҳезум оварда мешавад. Мактаби рақами 13, ки соли ҷорӣ бо маблағгузории ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифтааст, пурра шишабандӣ шуда, дар он беш аз 500 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

Октябрь 4, 2013 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш