Пахта- ашёи пурқиммат

Октябрь 17, 2013 14:53

Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Деҳқонон баҳри  сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосил аз тамоми воситаю имкониятҳо  самаранок истифода мебаранд. Аз ҷумла, кишоварзони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз зиёда аз 8520 тонна пахта ҷамъ оварданд. Дурнамои пахта дар ноҳияҳои мазкур 23 ҳазору 935 тоннаро ташкил медиҳад.
Умуман нақшаи ҷамъоварии ҳосил дар ҷумҳурӣ 406 ҳазору  498 тоннаро ташкил медиҳад. То имрӯз ба миқдори 322 ҳазору 51 тонна пахта ҷамъоаварӣ шудааст, ки ин зиёда аз 80 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Октябрь 17, 2013 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш