Парлумон Буҷети давлатии соли 2014-ро тасдиқ кард

Октябрь 23, 2013 16:05

Душанбе, 23 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳаҷми Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014, ки имрӯз онро вакилони Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тасдиқ намуданд, 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ (28,7 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ)-ро ташкил медиҳад. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014»-ро дар назди вакилони Парлумони мамлакат Сафаралӣ Наҷмиддинов -вазири молияи кишвар шарҳу эзоҳ дода гуфт, ки дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ, дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, инчунин иҷрои сифатнок ва саривақтии стратегия, консепсия ва барномаҳои ҳукуматии дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дархостҳои вакилони Парлумон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар маҷмуъ, блоки иқтисодии кишвар ба инобат гирифта шудаанд. Яке аз самтҳои муҳими Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 ҷиҳати амалӣ намудани се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар нигаронида шудааст. Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфт, ки Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 мисли буҷети солҳои қаблӣ хусусияти иҷтимоӣ дошта, барои рушди ин соҳа ва бо назардошти соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ 7,7 миллиард сомонӣ ҷудо мегардад ва нисбат ба соли 2013 -ум 1,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад, ки қариб 54 % ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ба соҳаи маориф 2, 5 миллиард сомонӣ, тандурустӣ 1,1 миллиард сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини нафақа 2,7 миллиард сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 590 миллион сомонӣ ва ба бахши илм 78 миллион сомонӣ равона мегардад. Хамзамон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон доир ба самтҳои афзалиятнок ва татбиқи мақсадноки Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 табодули назар намуда, пешниҳодҳои судманд ироа сохтанд.   Вакилони Парлумон ҳамзамон лоиҳаи «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 -2016»-ро тасдиқ намуданд.

Октябрь 23, 2013 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд