Пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ

Октябрь 9, 2013 10:54

Душанбе, 9  октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — 9  октябри соли равон  дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вохўрии масъулини  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону кормандони сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои низоми кумита дар мавзўи «Пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ» сурат  гирифт. 
Дар вохўрӣ  таъкид гардид, ки барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ,  ташаккули тоқатнопазирӣ  бо зуҳуроти коррупсия, густариши ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ ва аз байн бурдани ин омили номатлуби иҷтимоӣ бояд  ҳама тифоқ бошем. 
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз бахши иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд.

Октябрь 9, 2013 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш