Рамзи фурудгоҳи Душанбе дар қуллаи Сино

Октябрь 9, 2013 10:00

Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Ба наздикӣ дастаи куҳнавардони тоҷик қуллаи Абуалӣ ибни Синоро,  ки 7134 метр баландӣ дорад фатҳ намуда, бо муваффақият баргаштанд. 
 
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе М. Шодиев хабар дод, сафар ё экспедитсияи навбатӣ 20 рўз давом карда бо фатҳи қуллаи Ибни Сино, барафрохтани парчами давлатӣ ва гузоштани рамзи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар фарқи қулла анҷом ёфт.
 
Аъзои дастаи кўҳнавардони ҷумҳурӣ, муҳандис ва ҳавонаварди чархбол Шамсиддин Қаҳҳоров аввалин нафарест, ки парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар қуллаи Сино барафрохт ва рамзи (логотип) «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро, ки аз металли дюралюминий ҳаккокӣ шуда буд, дар ин қулла гузошт. 
 
Шамсиддин ёдовар шуд, ки қуллаи Синоро дар ҳаштумин рўзи сафар, таърихи 20 июл фатҳ намуд. Дар он рўз ҳаво 20 дараҷа сард ва суръати шамол 150-200 м дар як соат буд. 
 
Ёдовар бояд шуд, ки Шамсиддин Қаҳҳоров қуллаи Корженевскийро (7150 м) 9 маротиба, қуллаи Исмоили Сомониро (7495 м) ду маротиба, қуллаи Абуалӣ ибни Синоро (7134 м) як маротиба фатҳ кард, ният дорад қуллаи Ғалабаро дар қуҳҳои Тяншон (7439м), қуллаи Ханг Тенгри (7010м) ва қуллаи баландтарини ҷаҳон дар куҳҳои Ҳимолой -Эверестро (8848 м) фатҳ намояд.

Октябрь 9, 2013 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш