Рушди варзиш дар Шӯрообод

Октябрь 24, 2013 14:57

Шӯрообод, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Назар ба қавли раиси ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов барои бунёди маҷмааҳои варзишӣ дар маркази ноҳия ба миқдори 12 гектар замин ҷудо карда шуд, ки корҳои лоиҳакашии он идома дорад. Дар давоми солҳои охир барои рушди соҳаи варзиш дар ноҳия 1 толори варзишӣ ва беш аз 20 адад майдончаи варзишӣ бунёд гардида , дар ҳоли истифода карор доранд. Соли ҷорӣ варзишгарони ноҳия дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди муҳорибаи универсалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори 3 медали тилло, 1 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардиданд. Баҳри фароҳам овардани шароити варзишгарон ва ҷалби ҷавонон ба варзиш дар ноҳия як мактаби варзишии кӯдакону наврасон, як варзишгоҳи марказӣ, 52 майдончаи варзишӣ, як толори варзишӣ амал менамояд, ки дар онҳо 17 нафар мураббӣ аз рӯи 7 намуди варзиш фаъолият намуд, 436 нафар ҷавонону наврасон ба варзиш ҷалб шудаанд.

Октябрь 24, 2013 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш